- партав
- I[پرتو]1. шуоъ, акс, фурӯғ, нур, шӯъла (-и офтоб, моҳ, чароғ ва ғ.); партав афгандан (фикандан) нур пошидан, шӯъла фишондан; партав пошидан шӯъла афшондан; партав афшондан (фишондан) нур пошидан; партав додан шӯъла пошидан2. маҷ. авҷ; зери…, таҳти…; дар партави шӯҳрат дар авҷи шӯҳрат; дар партави чизе, касе дар таҳти чизе, касе◊ дар партави ҳидояти устод дар зери роҳнамоии омӯзгорII[پرتو]1. он чи фурӯшанда баъд аз савдо ба харидор иловагӣ медиҳад, партов; партав кардан бепул додан, ба тарзи илова ба чизи харидашуда ҳамроҳ карда додан2. ҳар чизи барзиёд партофтанӣ; оби партав, партави ошхона; дари партав дари хурди иловагии хона ё ҳавлӣ
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.